ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Шӯрои вазирони СААД санаи 19 май таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳузури иштирокчиёни он доир мешавад, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти СААД.
Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок хоҳад кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки вазирони хориҷаи узви кишварҳои СААД ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти кишварҳои узви Созмон баррасӣ мекунанд.
Ҳамзамон дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ оид ба ҳамкории СААД бо созмонҳои байналмилалӣ, тамдиди СТС — 3 (СНВ-3) ва 75-умин солгарди Ҳукми трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар Нюрнберг якчанд изҳороти муҳими сиёсӣ қабул хоҳад кард.
Инчунин Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи аввали соли 2022 ва Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-солагии имзои Созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД баррасӣ хоҳанд шуд.
Манбаъ зикр кардааст, ки пеш аз оғози ҷаласаи мазкур, вазирони корҳои хориҷиро, раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ААД) 15 майи соли 1992 дар Тошканд имзо шуда буд.
Ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон шомил мебошанд.