Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон постгоҳҳои полис таъсис ёфтанд

Миёни Ворухи Исфара ва Оқсойи Қирғизистон ҳамакнун постгоҳи полис таъсис дада шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон пас аз дидор дар минтақаи марзии ду кишвар дар бораи таъсиси посгоҳҳои полис дар марзи фармондории Ворухи ноҳияи Исфара ва рустоҳои Оқсойи вилояти Ботканд ба тавофуқ расиданд.
Бар хабари "Аки пресс", Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдукарим Олимбоев пас аз озодии 6 нафар аз атбои ду кишвар, ки дар минтақаи марзӣ боздошт шуда буданд, тасмим гирифтанд барои ҷилавгирӣ аз такрори ин ҳаводис дар марзи байни Воруху Оқсой постгоҳҳои полис мустақар шавад.
Манбаъ меафзояд, ҷониби Тоҷикистон инчунин ваъда додааст. ки шахсони гумонбар дар боздошту латукӯби шаҳрвандони Қирғизистон муайян ва муҷозот мекунад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Навҷувонов ва вазири қирғиз гуруҳҳои муштараки пулиси ду кишварро таъсис доданд
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар деҳаҳои Ворух ва Оқсой се нафарӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуданд. Аммо пас аз гуфтушунидҳо, шаҳрвандони дар марз боздоштшуда озод карда шуданд.
Қирғизистон мегӯяд, мошине, ки аз самти Ворух ба Исфара ҳаракат дошт, дар ҳудуди деҳаи Оқсой таваққуф кардааст, дар ҳоле ки ин роҳи транзитӣ буда, истодан ва ё фаровардану гирифтани мусофир, манъ аст.
Аммо, аз мақомоти Исфара гуфтанд, дар деҳаи Оқсой шаҳрвандони Тоҷикистонро аз мошини "Газел" фароварда ва гаравгон гирифтанд.