ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ба иттилои Бонки миллӣ нисбат ба дирӯз қурби рубли русӣ нисбат ба сомонӣ як каме поин омда, аммо болоравии арзиши евро дар бозори арзи миллӣ идома дорд.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1524 сомонӣ нишон дода шудааст. Дирӯз арзиши 1 рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон 0.1528 сомониро ташкил медод.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Асъори аврупоӣ, дар ҳоли афзоиш буда, ба баландтарин сатҳи нишондодҳо мерасад. Имрӯз дар Тоҷикистон 1 евро бар ивази 13,7493 сомониро фурӯхта мешавад. Дирӯз арзиши 1 евро дар бозори арзи ҷумҳурӣ 13,7334 сомони арзиш дошт.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.7493 то 13.8800 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1524 то 0.1545 сомонӣ муқаррар шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи асъор аз сӯи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.