ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Алӣ, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки бардоштани тобут савоб дорад ё на.
Шӯрои уламо посух додааст, албатта дар бардоштани тобут савоб ҳаст, ҳадисро иқтибос овардааст.
“Ҳар касе тобутеро чиҳил қадам бардорад, чиҳил гуноҳаш омурзида мешавад”, - зикр намудааст Шӯрои уламо аз ҳадис.
Исломиддин, корбари дигари сомонаи Шӯрои уламо суол кардааст, ки дар ҷумҳурӣ аъзои оила тобутро аз замин се бор бардошта, боз мемонанд ва бори сеюм бардошта ба ҷаноза мебаранд, ин амал чиро мефаҳмонад.
Шӯрои уламо таъкид кардааст, ки ин амал ҳеҷ асли шаръӣ надорад, балки одат ва русуми баъзе мардуми кишвар аст.
Ин ниҳод инчунин изҳор доштааст, ки намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ӯ хонда мешавад, таъкид намудаст Шӯрои уламо.