Раъду барқ дар Ҳиндустон 18 филро кушт

Вазорати хоҷагии ҷангали кишвар бо версияи марги филҳо бар асари барқ ​​розиянд, аммо фаъолон дар бораи заҳролудшавии ҳайвонот мегӯянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май - Sputnik. Дар Ҳиндустон бар асари раъду барқ 18 фил кушта шуданд, менависад National Geographic Russia.
Филҳоро мурда дар ҷангал дар музофоти Гуваҳати иёлати Ассам пайдо карданд.
Афсари аршади хоҷагии ҷангал Амит Сахай гуфт, ки ҳайвонҳо шаби чоршанбе бар асари зарбаи барқ вақте кушта шуданд, ки ҷангалро тӯфон фаро гирифт.
Чордаҳ ҷасади филҳоро аз теппа ва чортои дигарро аз пояи он пайдо карданд.
Фил духтари суратгирро шаппотӣ зад - видео
Вазири хоҷагии ҷангал Паримал Суклабайдя гуфт, ки барқ ​​воқеан сабаби марги ҳайвонҳост.
Аммо яке аз муҳофизони Ҳиндустон Сумядип Дутта иддао дорад, ки дар тасвирҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ филҳо ба қурбонии заҳролудшавӣ монанданд.
Сабаби дақиқро танҳо пас аз ташхис муайян кардан мумкин аст.
Сокинон дар назди филҳои мурда гул гузошта, сарашонро бо навдаҳо оро медиҳанд.
Дар Ҳиндустон тақрибан 30 ҳазор фил басар мебарад, ки тақрибан 60 фоизи ҳамаи филҳои ваҳшии Осиёро ташкил медиҳад.
Қайд карда мешавад, ки онҳо аксар вақт бар асари зарбаи барқ ​​мемиранд.