Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Посухи КДАМ Қирғизистон ба оташзании хонаи Баҳром Ғафуров дар Чоркуҳ: дурӯғро паҳн насозед

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба хабари мақомоти Исфара дар бораи оташзании хонаи як сокини ҷамоати Чоркуҳ посух додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Мақомоти марзбонии КДАМ Қирғизистон аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, қазияро мунсифона таҳқиқ кунанду аз паҳни иттилои бардурӯғ ҷилавгирӣ намоянд.
Манбаъ афзудааст, ки мақомоти марзбонии ду кишвар оташгирии хонаи як сокини Тоҷикистонро дар наздикии хатти шартии марз телефонӣ баррасӣ намуда, ҷониби Тоҷикистон барои амнияти сокинони мулкию низомиён хостори муваққатан ба дарунтари Қирғизистон бурдани гуруҳи марзбонон шудааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мақомоти Исфара: қирғизҳо хонаи сокини Чоркӯҳро оташ зада, 250 дарахташро шикастаанд - акс
Мақомоти КДАМ Қирғизистон аз мақомоти расмии тоҷик хостаанд, ки дар ин вазъи мураккаб аз паҳни иттилои бардурӯғ ҷилавгирӣ кунанд. Ба иттилои манбаъ, роҳбарони марзбонӣ ва раисони деҳот мулоқот кардааанд, аммо ҷониби Тоҷикистон далели шикастани ниҳолҳои мевадиҳандаро исбот карда натавонистааст.

“Чунин изҳороти ниҳодҳои алоҳидаи давлатӣ ва расонаҳои Тоҷикистон метавонанд боиси шиддат гирифтани вазъ дар марз гарданд, ба ҳамсоядорию бародарии ду халқ ва талошҳои қаблӣ барои суботу амният дар марз халал ворид кунанд”, - омадааст дар изҳороти КДАМ Қирғизистон.

Қаблан хабар дода шуд, ки гуруҳи сокинони Қирғизистон, шоми 14 май хонаи шаҳрванд Баҳром Ғафуров, як сокини ҷамоати Чоркӯҳро, ки 100 метр дуртар аз хатти марз қарор доштааст, оташ задаанд. Таъкид шуд, ки қирғизҳо бо оташзанӣ қаноат накарда, ҳамзамон беш аз 250 ниҳоли зардолуро шикаставу решакан кардаанд.
Ҷониби Тоҷикистон ин амалро хилофи тавофуқоте хонд, ки ахиран миёни мақомоти тоҷику қирғиз хосил шуданд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Талаби барканории Қамчибек Тошиев: шарҳи КДАМ - и Қирғизистон
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.