“Лимит” - и барқ боз такрор мешавад? Президент Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил дод

Дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил шудааст, ки омодагӣ ба зимистони соли 2021 – 2022 – ро аз ҳозир назорат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат Ситоди ҷумҳуриявии омодагӣ ба зимистони солҳои 2021 – 2022 – ро ташкил дода, ҳамаи ҳукуматҳои маҳаллиро муваззаф намудааст, ки аз ҳозир соҳаҳоро омода созанд.
Омодагии саривақтӣ ба зимистонро Ситоди ҷумҳуриявӣ назорат мекунад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳукуматҳои шаҳру вилоятҳои ҷумҳуриро муваззаф кардаст, ки ҳар моҳ то санаи 10-ум ба Вазорати рушди иқтисоду савдо дар бораи омодагиҳои соҳаҳои иқтисоду иҷтимоъ ҳисобот диҳанд. Вазорати рушди иқтисод дар навбати худ дастур гирифтааст, ки то 20-уми ҳар моҳ ба Ситоди ҷумҳуриявӣ дар мавриди омодагиҳо ба зимистони оянда маълумот пешниҳод намояд.
Ифтор ва саҳарӣ кунанд: "Барқи тоҷик" "лимит"-ро дар Рамазон коҳиш медиҳад
Ташкили Ситоду дастуроти ҳукумат дар ҳолест, ки соли равон дар фасли сармо навоҳии Тоҷикистон ба камбуди нерӯи барқ дучор шуда, бисёре аз навоҳӣ онро бо маҳдудият дастрас карданд.
Дар мавриди масоили энергетикӣ дар зимистони оянда Ҳукумат масъулинро вазифадор кардааст, ки захираҳои кофии маводи сӯхт, аз ҷумла ангиштро фароҳам кунанд. Махсусан таъкид шудааст, ки барои таъмини пурраи нерӯи барқ ба аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон чораҷӯӣ карда шавад.
Назорати иҷрои омодагиҳо ба зимистони соли 2021 – 2022 ба уҳдаи ноиби сарвазири Тоҷикистон вогузор шудааст.