Иштироки беш аз 43 ҳазор нафар дар Дави миллӣ дар Душанбе

Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 43 ҳазор нафар баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, сол ба сол иштирокчиёни дави миллӣ, ки аз соли 2007 инҷониб якшанбеи сеюми моҳи май баргузор мешавад, майли афзоиш дорад.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, дар Дави миллии имсола дар пойтахт зиёда аз 43 ҳазор нафар иштирок доштанд, ки беш аз 16 ҳазор нафарашон бонувон будаанд. Дави миллӣ аз назди собиқ дидбонгоҳи Чорбоғ шурӯъ шуда, дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.
Манбаъ афзуд, ки иштирокдорон намояндагони касбу кори гуногун, доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ буданд.
Аз раиси вилоят то обрасону омӯзгор: дави 12 ҳазор нафар дар Хуҷанд - аксҳо
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва масъулини дигар дар назди ширкаткунандагони мусобиқа суханронӣ карда, зикр намудаанд, ки Дави миллӣ бо ташаббуси раисиҷумҳури Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад.
"Бояд зикр кард, ки ҳамасола бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш дар саросари мамлакат Дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешавад", - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.
Ҳукумати Душанбе афзуд, ба иштирокдорони фаъоли Дави миллӣ аз ҷониби намояндагони шаҳрдорӣ ифтихорномаву дипломҳо тақдим карда шуд.