ДУШАНБЕ, 15 май - Sputnik. Манобеъ аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба Спутник Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса шоми дирӯз, тахминан соатҳои 20:00 сар зад.
Ба иттилои манбаъ, хонае, ки оташ заданд аз як сокини маҳаллаи Хайрободи Тоҷикистон буда, дар 100 метир дуртар аз хатти марз ҷойгир аст.
Ба иттилои манбаъ, чунин амалкарди ҳамсояҳо дасисаи навбатии марзӣ мебошад.
"Хонае, ки дар ҷамоати Чоркуҳ оташ гирифт аз шаҳрванди Тоҷикистон Баҳром Ғафуров мебошад, ки иборад аз чор ҳучра буда, пурра бо таҷҳизоташ ба коми оташ рафтааст", -, гуфт манбаъ.
Ин манбаъ гуфт, қирғизҳо бо оташзанӣ қаноат накарда ҳамзамон беш аз 250 ниҳоли зардолуро шикаставу решакан кардаанд.
Аз ҳукумати шаҳри Исфара низ бо тасдиқи ин хабар ба Спутник Тоҷикистон гуфтанд, барои чунин амали сокинон ҳатто марзбонони қирғиз монеагӣ эҷод накада, балки мусоидат кардаанд.
Чунин амалкардро аз ҳукумати Исфара хилофи созишномаи ахири байниҳукуматӣ хонданд.
Манбаъ гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳодисаро мақомоти ҷониби Тоҷикистон таҳқиқ мекунанд.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.