ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар чорумин чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол миёни бонувон 10 даста иштирок мекунанд.
Манбаъ дар феҳрасти тимҳои бонувон аз ҷумла “Зебонисо” (Душанбе), “Хатлон” (Бохтар), “Суғд” (Суғд), “Конибодом” (Конибодом), “Зебо” (Дӯстӣ), “Бешкент” (Носири Хусрав), “Чашма” (Шаҳритус), “Равшан” (Кӯлоб), “Ҳосилот” (Фархор) ва “Нушофарин” (Бохтар) – ро ном бурд.
Таъкид шуд, ки мавсими нави лигаи футболи бонувон 15 май оғоз мегардад ва дар ду марҳила сурат мегирад. Дастаҳо дар мавсим 18 бозӣ анҷом хоҳанд дод.
“Дар асоси қуръакашӣ дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон “Зебонисо” бо “Бешкент”, “Суғд” бо “Равшан”, “Зебо” бо “Нушофарин”, “Ҳосилот” бо “Хатлон” ва “Конибодом” бо “Чашма” вомехӯранд”, - омадааст дар иттилоия.
Инчунин зикр шуд, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи дастаҳои бонувонро бо либоси варзишӣ ва тӯб таъмин намуда, ҳамчунин ҳаққи хизмати доварон ва хароҷоти сафари дастаҳоро дар меҳмонӣ пардохт мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ғолиби мавсими гузаштаи Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе мебошад.