Даромади каму ҳиммати баланд: хайри 4 мӯзадӯзе, ки танҳо як чатр доранд - видео

Дӯкон не, танҳо чатре доранд, ки онҳоро аз офтобу борон ҳифз мекунад, аммо аз хизмати ройгон барои ҳама дар рӯзҳои ҷумъа ва кафшдӯзии ройгони ҳамарӯза барои маъюбону камбизоатон даст кашиданӣ нестанд
Sputnik
Чор мӯзадӯз дар шаҳри Душанбе - Зафар Шарипов, Ҷамшед Рабиев, бародарон Хушбахт ва Садридин Нозимовҳо мегӯянд, бо гузашти моҳи Рамазон кори хайрашон дар рӯзҳои ҷумъа ва хизматрасонии ройгони ҳамарӯза ба ниёзмандонро қатъ карданӣ нестанд.
“Онҳо дар кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Сино ба таъмири пойафзол машғуланд ва солҳост, ки дар ин ҷо кор мекунанду рӯзона то 7 соат кафши мардумро таъмиру тармим менамоянд. Cоҳиби ҳеҷ гуна дуконе нестанд, дар канори роҳ зери чатрҳое, ки аз офтобу борон онҳоро ҳифз мекунад, ба кор машғуланд”, - навиштааст сомонаи Ҷом.
Ба иттилои манбаъ, ҳар чор кафшдӯз дар як рӯз тақрибан ба 30 нафар хизмат мерасонанд ва ҳаққи хизматрасониҳояшон аз 10 сомонӣ шурӯъ мегардад.
Ин нафарон мегӯянд, хизматрасонӣ барои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ва оилаҳои камбизоат ройгон мебошад.