ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Муҳаммадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Томонорӣ Ҳасегева, роҳбари намояндагии сафорати Ҷопон дар Душанбе омодагӣ ва иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои кумита зикр шуд, ки Ёддошти тафоҳум, соли 2018, зимни сафари расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷопон ба имзо расид, ки масъалаҳои машқу тамрини дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро пеш аз Бозиҳои олимпӣ ба танзим медарорад.
“Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум соли 2019 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар шаҳри Аоморӣ ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуд. Ба ҷамъомадҳои тамринӣ фаро гирифтани ҳайати олимпии Тоҷикистон пеш аз бозиҳо феълан бо ҷониби Аоморӣ баррасӣ мешавад”, - иброз намуд Абдуллозода.
Ба иттилои Кумитаи олимпӣ, Томонорӣ Ҳасегава дар навбати худ Котиби генералии КМО Тоҷикистонро барои роҳхати олимпӣ гирифтани варзишгарони тоҷик ва иштирокашон дар Бозиҳои олимпии Токио табрик гуфт.
Ӯ иброз намуд, ки Сафорати давлати Ҷопон дар Душанбе омодааст барои сафарбар намудани ҳайати олимпии Тоҷикистон кумак намояд.
“Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон омодааст, ки минбаъ низ барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти варзиш, рушду инкишофи намудҳои миллӣ ва олимпии варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид ба варзишгарони Тоҷикистон пайваста ба КМО Тоҷикистон кӯмак намояд”, - илова намуд Томонорӣ Ҳасегава.
Олимпиадаи Токио аз 23 июл то 8 августи соли равон дар назар аст.