ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба ҳолати воқеии мавзеҳои бар асари офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, субҳи 12 май ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, 11 майи соли 2021 дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон манзилҳои истиқоматии сокинони шаҳру ноҳияҳо хароб гардида, роҳҳои автомобилгард ва дигар иншооти муҳими хоҷагии халқ зарар дидааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дастур дод, ки дар кутоҳтарин фурсат манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигари харобгардида, пурра барқарор карда шуда, ба оилаҳои зарадида саривақт ва бетаъхир кумакҳои моддӣ расонида шавад.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 11 май дар паи боронгариҳои шадид як қатор шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз сел хароб шуд.
Мувофиқи маълумотҳои пешакии КҲФ, дар паи фаромадани сел дар вилояти Хатлон 8 кас ҷони худро аз даст дод. Ҳаимн тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд, менависад ин ниҳод.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи Кушониён низ дар паи чаппа шудани мошин як шаҳрванди 34-сола ҷони худро аз даст додааст.