Сел дар Афғонистон: беш аз сад куштаю бедаракшуда

Сухангӯи Вазорати идораи офатҳои табиии Афғонистон эълом кард, ки дар обхезиҳои ахир 87 нафар кушта, 32 нафар бедарак шуда, 30 нафар осеби ҷисмӣ дидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Тасмим Азимӣ, сухангӯи Вазорати идораи офатҳои табиии Афғонистон, гуфт, ки аз 2 май то кунун дар 23 вилояти Афғонистон селобҳо 2 ҳазору 800 хонаро вайрон, беш аз 3 ҳазору 700 сар ҳайвони хонагиро талаф ва ҳудуди 10 ҳазор гектар замини кишоварзиро низ тахриб кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Ба гуфтаи Тасмим Азимӣ, бештарини хисороти обхезӣ ба вилояти ғарбии Ҳирот ворид шудааст, ки беш аз 22 нафар дар ин вилоят ҷон бохтаанд.
Идораи ҳавошиносии Афғонистон бар асоси тозатарин пешбиниҳо ба мардум дар вилоятҳои Бадахшон, Тахор, Бағлон ва Самангон ҳушдор додааст, ки 12 май эҳтимоли бориши шадид ва обхезӣ вуҷуд дорад.
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади марди 34 - соларо пайдо кард
Селобҳо дар Афғонистон дар ҳоле аз мардум қурбонӣ мегирад, ки нигарониҳои шадид аз хушксолӣ низ зиндагии мардуми ин кишварро таҳти таъсир қарор дода ва гуфта мешавад дар аксари вилоятҳо аз ҳамин акнун заминҳои кишоварзӣ бо камбуд ва ё набуди об мувоҷеҳ аст.
Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар Тоҷикистон низ боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, шумораи қурбониёни офати табиӣ дар вилояти Хатлон ба 8 нафар расид.
Сел дар Ашт роҳу пулҳоро хароб кард
Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба дарёфт карда шуд.
Ҷасади охироне, ки аз селоба берун оварда шуд, марди 34 - сола, сокини ноҳияи Кӯшониён будааст.
Қурбонии дигар дар шаҳри Ҳисор сабт гардидааст. Сокини маҳаллӣ ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ҳалок шудааст.