Владимир Путин ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонун дар бораи баромадан аз Аҳдномаи фазои кушодро пешниҳод кард. Ин яке аз аҳдномаи умдаи ҳарбӣ миёни Маскав ва Ғарб ба ҳисоб мерафт.
То моҳи ноябри соли 2020 беш аз 30 кишвар иштирокчии он буданд, аммо баъдан Амрико аз он хориҷ шуд. Қарори худро Қасри сафед ба нақз шудани шартҳои АОК аз ҷониби Русия рабт дод. Аммо Маскав ин иттиҳомотро рад мекунад.
Бояд гуфт, ки созишнома ба иштирокчиён имкон медод, ки аз қаламрави якдигар парвоз кунанд ва озодона маълумот дар бораи низомиёни кишварҳои аъзо гирд оранд.
Хориҷ шудан аз созишнома, Амрикоро аз ин ҳуқуқҳо маҳрум кард. Аммо Маскав метарсад, ки амрикоиҳо ҳанӯз ҳам аз муттаҳидони худ, ки аз шартнома хориҷ нашудаанд, маълумот ба даст оранд.
Маскав борҳо изҳор дошт, ки онҳо омодаанд дар сурати дубора баргаштани Амрико ба ин созишнома, тасмими худро бознигарӣ кунанд. Аммо бо вуҷуди иваз шудани роҳбарият, Қасри сафед тасмимашро дигар накард.
Қаблан Русия эълом дошт, ки то тобистони соли 2021 расмиёти хуруҷро ба анҷом мерасонад.