Ду қурбонии дигари рӯзи 11 май дар пайи садама дар Тоҷикистон

Мақомот қурбониёни ҳодисаи сел рӯзи 11 майро 8 нафар эълон кардаанд. Дар ин рӯз дар пайи садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон 2 нафари дигар ҳалок шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар бораи ҳодисаҳои нақлиётии марговари рӯзи 11 май дар Тоҷикистон, ки ҷони ду танро гирифтааст, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 11-уми майи соли 2021, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи "Чанху", Назаров Илҳом Иброҳимовичи 35-сола сокини ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Файзобод дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромадааст.
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади марди 34 - соларо пайдо кард
Дар натиҷа ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи Ҳусейнов Ҳасанҷон Абдуллоевич, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, бархӯрда ва сипас ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-279913”, ки ба Раҳимов Собирҷон Мирзораҷабовичи 45-сола, сокини шаҳри Ваҳдат тааллуқ дорад ва дар канори роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи “ГАЗ-279913” ба ҳаракат даромада, пиёдагард Ғиёсов Усмон Алиевич, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки дар назди истгоҳ қарор дошт, пахш намудааст.
"Дар натиҷа, пиёдагард Ғиёсов У.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - таъкид мекунад манбаъ.
Инчунин, санаи 11-уми майи соли 2021, тахминан соатҳои 14:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Ҳомидов Мансур Эмомназаровичи 31-сола, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи мазкур, дар шоҳроҳи "Душанбе-Панҷи поён" ба самти муқобили роҳ баромадааст.
Дар натиҷа ба автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс", таҳти идораи ронанда Муъминов Раҳмиддин Абдуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ, бархӯрдааст.
Мақомот теъдоди қурбониёни сели Кӯлобро гуфт: 5 танашон дар дохили мошин буданд
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс" Муъминов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-астра", Ҳомидов бо хурдсол Ҳомидов Муҳаммадҷон Мансурович, соли таваллудаш 2019, сокини ҷамоати деҳоти Калинини ҳамин ноҳия ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.