“Лексус”- и 20 ҳазордоллариро қарз гирифту бо 10 ҳазор доллар фурӯхт: ВКД Умедро меҷӯяд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ин кор марди 39 - сола ва рафиқи ӯ "Умед" - ро муттаҳам мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ба кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур, сокини 49 - солаи пойтахт муроҷиат намуда, арз доштааст, ки ба доми фиребгарон афтодааст.
Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, номбурда сокини ноҳияи Шоҳмансур буда, ба ШВКД-1 бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.
Ба изҳори муроҷиаткунанда, сокини 39 - солаи пойтахт ва рафиқаш бо номи Умед, моҳи ноябри соли гузашта, худрави ӯро, ки тамғаи "Лексус РХ-350" буд, қарз гирифтанд.
Зане, ки савори “Ренҷровер” дар Душанбе мегашт, ба қаллобӣ айбдор шуд
Соҳиби мошин худравашро 20 ҳазору 500 доллар нарх гузошта, ба харидорон дод. Вале бо гузашти беш аз як сол, соҳиби мошин на маблағ аз фурӯши мошин гирифту на мошинашро тавонист бозпас гирад.
Манбаъ меафзояд, номбурдагон мошини қарзгирифтаро ба маблағи 112 ҳазор сомонӣ нарх гузошта, ба марди 50 - сола фурӯхтанд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.