Ҳамдардии раиси Исфара бо хонаводаи қурбониёни сел дар Кӯлоб: омодаи кумакем

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо хонаводаҳои қурбониёни сел дар Кӯлоб изҳори ҳамдардӣ карда гуфт, мардуми Исфра омода аст, дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба мардуми Кӯлоб кумак кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода мегӯяд хабари харобиҳо дар вилояти Хатлонро мардуми шаҳри Исфара бо таассуф пайгирӣ доранд.
Дар шаҳру деҳоти Исфара хабари дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон бар асари боришоти зиёд ва омадани сел харобшавии манзилҳои истиқоматӣ, зарар дидани хатҳои барқ, роҳу кӯпрукҳо ва бештар аз ҳама ҷой доштани талафоти ҷониро бо таассуфи зиёд ва ҳамдардии амиқ пайгирӣ мекунанд.
"Дар ин рӯзҳои мотамбор тасаллият ва ҳамдардии самимии мардуми Исфараро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон, зарардидагон ва умуман тамоми мардуми бародари вилояти Хатлон изҳор менамоем", - омадааст дар номаи таслият.
Раиси шаҳри Исфара дар идомаи паёмаш мегӯяд, дар рӯзҳои вазнини сокинони шаҳру деҳоти Исфара, шумо мудом ҳамагӣ дар паҳлуи мо будед ва дар ин фурсатҳои вазнин мардуми Исфара низ бо эҳсоси бародарона, аз дилу ҷон дар паҳлуи сокинони вилояти Хатлон қарор доранд.
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади 9 -ум, пиразани 70 - соларо пайдо кард
Баҳодурзода изҳори умедворӣ кардааст, ки барои рафъ намудани пайомадҳои офати табиӣ мардуми кишвар дорои иродаи қавӣ ва нерӯи басанда мебошад ва дар ин радиф хурду бузурги Исфара низ ҳар лаҳза омодаанд дар паҳлуи бародарони хатлонии худ қарор гирифта, ҷиҳати рафъи харобиҳо ва барқарорсозии хисороти аз офати табиӣ расида ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.
Дар паи боронгариҳои шадид дар як қатор шаҳру навоҳии Хатлон, тибқи маълуоти пешакӣ 9 тан ҷони худро аз даст додааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси Исфара ба хонаводаҳои мотамзада фотиҳахонӣ рафт
Ба гуфти Умеда Юсупова - сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, имрӯз дар шаҳри Кӯлоб Ситоди рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба кор шурӯъ кард, ки аз 7 гурӯҳ иборат аст.
Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи 11 май боришоти боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.