ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Парвандаи ҷиноӣ дар тобеияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон қарор дорад, хабар дод “Интерфакс” аз қавли Белек Каликов, сардори хадамоти матбуоти Додситонии кулли Қирғизистон.
“Бар асоси наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст, иштироки генерал дар муноқишаи мусаллаҳонаи 28 – 29 апрел ҷой дорад”, - таъкид намуд Каликов.
Генерал майор Хуршед Муҳаммадзода аз моҳи майи соли 2015 ба ҷои Гулмурод Ҳалимови фирорӣ дар вазифаи сардори Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсуси ВУД Тоҷикистон хидмат мекунад.
Муҳаммадзода ахиран дар шарҳи муноқишаи марзӣ изҳор дошт, ки тирпаронӣ нахуст аз ҷониби Қирғизистон оғоз гардид. Мақомоти қирғиз ҷониби Тоҷикистонро дар оғози даргирӣ муттаҳам мекунанд.
Генерал Хуршед Муҳаммадзода дар суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфт, мушкилотро бояд тариқи музокирот ҳал кард, на бо зури силоҳ, чун тоҷикону қирғизҳо ҳамсояҳои азалиянду онҳоро намешавад кӯчонд. Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, ки ба истифодаи зӯрӣ вокуниш хоҳанд кард, чун ин масъулияташон назди мардум мебошад.
Бар асоси ҳолномаи нашркардаи ВУД Тоҷикистон, генерал Муҳаммадзода Хуршед соли таваллудаш 2 марти соли 1972, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳарбӣ ва олии ҳуқуқӣ буда, дар мақомоти қудратӣ аз 13 майи соли 1990 хизмат мекунад. Ӯ дар мақомҳои гуногун дар Вазорати дифоъ ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кор кардааст.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.