ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия оид ба Афғонистон, директори Департаменти дуюми Осиёи вазорати умури хориҷаи Русия, дар муколама бо хабаргузории ТАСС ҷараёни истиқрори сулҳ дар ин кишварро шарҳ дод.
Кобулов гуфт, ки "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) омодаи музокирот барои ҳалли вазъи Афғонистон ҳастанд.
""Толибон" ҳамчунон ба музокироти сулҳ содиқанд. Онҳо изҳороти муҳими сиёсӣ карданд, ки новобаста авлотар будани Афғонистон ҳамчун аморати исломӣ барои Толибон, онҳо афзалиятҳои худро бо зӯрӣ ба мардуми Афғонистон таҳмил нахоҳанд кард ва омодаи музокирот барои сохти давлатдорӣ дар оянда ҳастанд",- гуфт мақомдори рус.
Вай қайд кард, ки ин изҳорот дар нишасти сегонаи васеъ дар Доҳа садо дод.
Инчунин, намояндаи махсуси раисҷумҳури Русия қайд кард, ки кишвараш вазъи минтақаро бо диққат пайгирӣ мекунад ва омода аст бо Амрико дар ин росто муносибатҳои судмандро ба роҳ монанд.
Кобулов афзуд, ки нишасти Маскав оид ба танзими вазъи Афғонистон ҳанӯз ба нақша гирифта нашудааст.