СҶБ сатҳи фарбеҳии кӯдакон дар Тоҷикистонро арзёбӣ кард

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт маълумот дар бораи сатҳи фарбеҳии кӯдакон дар ҷаҳонро пешниҳод кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар гузориши Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт омадааст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи пасти фарбеҳии кӯдакон сабт шудааст.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон вазни зиёдатӣ дар 5-12% кӯдакон ба қайд гирифта шудааст.
Дар айни замон, тақрибан 5% аз фарбеҳӣ азият мекашанд.
Чунин нишондиҳандаҳо дар Қирғизистон ва Туркманистон низ ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамзамон, СҶБ аз афзоиши фарбеҳии кӯдакон дар ҷаҳон дар замони пандемияи коронавирус нигарон аст.
Вазорати тандурустӣ сабаби хурӯҷи фалаҷ дар Тоҷикистонро гуфт
Гузоришгарон гуфтаанд, ки ҳар се кӯдаки аз 6 то 9-сола дар якчанд кишвари Урупо вазни зиёдатӣ дорад ё фарбеҳ аст.
"COVID-19 метавонад ба фарбеҳшавии кӯдакон сабаб шавад. Вазни зиёдатӣ мустақиман ба бемориҳои ғайрисироятӣ, аз қабили бемориҳои дилу раг, диабет ва саратон, бевосита алоқаманд аст", - шарҳ дод директори минтақавии СҶБ дар Урупо Ҳанс Клуге.
Сатҳи баландтарин дар кишварҳои баҳри Миёназамин ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла, дар Кипр, Юнон, Испания ва Италия - 40% кӯдакон вазни зиёдатӣ доранд.