ДУШАНБЕ, 10 май - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар муколама бо раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, ки Русия омода аст ба ҷумҳурӣҳо дар эътидол овардани вазъи марз кумак кунад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар додааст.
Дар сӯҳбат бо Ҷабборов, Путин қайд кард, ки бо назардошти музокирот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Русия созишномаҳои миёни Бишкек ва Душанберо дар бораи ҳалли вазъ дар минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро дастгирӣ мекунад.
Президенти Русия афзуд, ки кишвар омода аст ба минбаъд ба эътидол овардани вазъи байни ҷумҳуриҳо кумак кунад.
"Владимир Путин Содир Ҷабборовро ба сафари корӣ ба Русия даъват кард. Даъват қабул карда шуд", - омадааст дар изҳороти Кремл.
Инчунин хабар дода мешавад, ки президентҳо ба муносибати 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамдигарро самимона табрик гуфта, аҳамияти махсуси ин сана барои мардуми ду кишварро таъкид карданд.