Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистониёнро аз Қирғизистон депорт мекунанд? шарҳи Вазорати корҳои дохилӣ

Баъзе расонаҳо хабар доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Қирғизистон ихроҷ мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ин маълумотро шарҳ дод.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон маълумот дар бораи депорти шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварро рад кард, менасивад Sputnik Қирғизистон.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии ин ниҳод, гузоришҳо дар бораи ихроҷ дар бархе аз расонаҳо нашр шудааст.
"Маълумот ба воқеият мувофиқат намекунад. Дар қонунгузории Қирғизистон ягон мафҳуми "депортатсия" вуҷуд надорад - истилоҳи "ихроҷкунӣ" аст. Агар як шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Қирғизистон рафтори бад ё ҷиноят содир кунад, бо қарори суд вай метавонад аз қаламрави кишвар хориҷ карда шавад", - омадааст дар иттилоияи ВКД.
Қайд карда мешавад, ки ихроҷкунӣ танҳо пас аз адои ҷазо имконпазир мешавад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Имзои протоколи нави марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Ош

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тошиев гуфт, дар протоколе, ки ӯ ва Ятимов имзо карданд, чӣ навишта шудааст: ҷузъиёт
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Путин муноқишаи марзии тоҷикону қирғизҳоро бо Мирзиёев баррасӣ кард
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.