Собиқ қаҳрамони ҷаҳон мегӯяд, пас аз ваксинзанӣ бо AstraZeneca аз пояш маҳрум шуд

Қаҳрамони 58-сола ваксинаро рӯзи 5 март гирифтааст. Пас аз якчанд соат, дар ӯ аломатҳои шадиди зуком пайдо шуд ва ҳарораташ якбора баланд гардид.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба таэквондо Дэйв Мейерс гуфт, пас аз эмгузаронӣ бо AstraZeneca аз пояш маҳрум шуд, менависад Daily Star.
Ба гуфти варзишгар, саломатии ӯ пас аз чанд соати эмкунӣ босуръат бад шуд.
Ин қаҳрамони собиқи 58-сола рӯзи 5 март эм карда шудааст. Пас аз чанд соат, дар ӯ аломатҳои шадиди зуком пайдо шуда ва ҳарораташ якбора баланд гардидааст.
"Набояд шитоб кард": Холикзода пешниҳоди мавқуф гузоштани эмкунӣ бо AstraZeneca кард
Табибони беморхонаи Адденбруки Бритониё дар бемор сирояти табиати номаълумро ошкор карданд.
Ба гуфти Мейерс, пои ӯ қариб буд "таркад". Варзишкори собиқро ҷарроҳӣ карданд ва дар ҷараёни он пои ӯро буриданд.
Дуои саломатӣ ба вазир то шакк нисбати AstraZeneca: вокуниши тоҷикистониён ба ваксинагирӣ
Мейерс мутмаин аст, ки эмкунӣ бо маъюбии ҳозираи ӯ робитаи мустақим дорад.
Дар айни замон, табибони клиника манбаи сироятро муайян мекунанд.
Мейерс соли 1984 унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба таэквондоро ба даст оварда буд.