ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik Президенти Русия Владимир Путин ба сарони кишварҳои собиқ ИҶШС табрикот ирсол кард, аммо миёни онҳо исми президентҳои Украина ва Гурҷистон набуд.
Паёмҳо ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби роҳбарон ва шаҳрвандони Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Абхазистон, Осетияи Ҷанубӣ ва инчунин халқҳои Гурҷистон ва Украина, гуфта мешавад дар сайти Кремл.
Исми президенти Украина Володимир Зеленский ва кишвардори Гурҷистон Саломе Зурабишвили дар феҳраст нестанд.
"Имрӯз вазифаи ахлоқии мо аз он иборат аст, ки хотираи рӯйдодҳои он солҳои сахтро бодиққат ҳифз намоем ва ба наслҳои ҷавон расонем. Мо бояд ба ҳама гуна кӯшиши таҳриф ва сохтакории таърих, таҷдиди назар кардани натиҷаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, асоснок кардани ваҳшигариҳои даҳшатноке, ки фашистон ва пайравони онҳо содир кардаанд, муқовимат намоем", - гуфт, Владимир Путин.
Ба гуфти кишвардори Русия, анъанаҳои дӯстии бародарона ва кӯмаки тарафайн, ки дар солҳои ҷанг мустаҳкам шуданд, барои бунёд ва рушди муносибатҳои созанда ва неки ҳамсоягии байни кишварҳои пасошӯравӣ ва халқҳои онҳо заминаи мустаҳкам буданд ва мебошанд.
Путин ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнаткашони ақибгоҳ изҳори сипос кард ва ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ, рӯҳияи хуб ва умри дароз орзу кард.