ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 9 май наворе чарх мезанад, ки дар он гӯё парвози фариштаҳо дар осмон сабт шудааст.
Ин наворро ҳарчанд корбари тоҷик сабту нашр намудааст, вале маълум нест, ки ин ҳодиса оё дар Тоҷикистон ва ё дигар минтақа сар задааст.
Навор шомгоҳ дар ҳоле сабт шудааст, ки дар масофаи хеле дур, дар осмон пораҳое рахшон ҳаракат доштаанд.
Корбар бо сабт кардани ин ҳолат калимаи шаҳодатро ба забон оварда, иддао мекунад, ки " нигоҳ кунед, бародарон, дар ин моҳи шарифи Рамазон фариштаҳо дар осмон чарх мезананд. Нигоҳ кунед, чӣ қадар бисёранд! Афсӯс, ки камакак дуранд, афсӯс. Вале нигоҳ кунед, ки чӣ хел бозӣ доранд!"
Зимнан, бархе аз корбарон ин падидаро "Мӯъҷизаи илоҳӣ" арзёбӣ намуда, бархеи дигар онро танҳо зудбоварӣ ва хурофотпарастӣ мепиндоранд.
Илова бар ин, ситорашиносон мегӯянд, ки ин як падидаи маъмулӣ аст, аниқтараш фурӯ рехтани шиҳоб ва дигар ҷирмҳои осмонӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки қаблан низ дар гӯшаҳои гуногуни дунё чунин аксу наворҳо ба интернет рахна мешуданд ва ингуна наворҳо маҳсули дасткории муаллифон аст, ки ба хотири ҳар чӣ бештар пайдо кардани тамошобину шӯҳрат эҷоб мекунанд.