Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизҳо ба тоҷикони деҳаҳои наздимарзӣ кумаки моддӣ расонданд - видео

Қирғизҳо тасмим гирифтанд, ки ба тоҷикони маҳалӣ сокини деҳаи наздимарзии Максат ёрии беғаразона расонанд
Sputnik
Шаҳрвандони Қирғизистон, ки миллаташон тоҷик аст ва дар вақти муноқишаи марзӣ хонаҳояшон хароб шудаанд, аз сокинони ноҳияи Аксии вилояти Ҷалолобод кӯмаки моддӣ дарёфт карданд.
Тоҷикон дар деҳаи Максати ноҳияи Лейлек, ки дар наздикии маҳалли муноқишаи марзӣ ҷойгир аст, зиндагӣ мекунанд.
Ба сабаби муқовимати низомиёни тоҷику қирғиз дар марз, хонаҳои бисёри мардум хароб шуд. Дар навор шумо мебинед, ки чӣ гуна баъзе аз сокинон дар назди хонаҳои вайрони худ истодаанд.
Тоҷикистониён ҳангоми гирифтани ёрии беғаразона ашк мерезанд. Онҳо ба мардуми Қирғизистон барои кумакашон ташаккур мегӯянд.
"Мо ду оилаи дорем, ки миллаташон тоҷик аст аммо шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд. Хонаи яке аз онҳо хароб шудаааст. Ғайр аз ин, хонаҳои ӯзбектаборон низ осеб дидаанд. Мо ба ҳама кӯмак мерасонем, манзилҳои онҳо низ барқарор мекунем", - гуфт роҳбари Максат Кубат Нышанов дар мусоҳиба бо 24kg.
Вай афзуд, ки дар ин деҳа намояндагони миллатҳои мухталиф зиндагӣ мекунанд ва ихтиёркорон талош хоҳанд кард, ба ҳамаи ниёзмандон кумак расонанд.