ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Ин созмонии ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, дар ояндаи наздик ҳам интизор меравад маблағгузорӣ боз камтар шавад, чун низомиёни хориҷӣ барои берун шудан аз ин кишвар омодагӣ мебинанд.
HRW дар гузорише, ки рӯзи 6-уми май нашр кард, маҳдудиятҳоеро номбар намуд, ки занон афғон ҳангоми гирифтани ёрии тиббӣ бо он рӯ ба рӯ мешаванд. Созмон ҳамчунон аз бад шудани бахши тандурустии Афғонистон бинобар коҳиши кумакҳои байналмилалӣ гузориш додааст.
"Коҳиши маблағгузорӣ аллакай таъсири хатарноке барои ҳаёт ва зиндагии бисёре аз духтарон гузоштааст, чунки дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ коҳиш ёфта, сифати он поён рафтааст", - зикр шудааст дар гузориш.
Дидбони Ҳуқуқи Башар таъкид доштааст, ки созмонҳои кумакрасон мунтазир нишастаанд, ва интизоранд, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ Толибон бештари қаламрави кишварро зери назорати худ мегиранд ё на.
Ин ниҳод қайд кардааст, ки барои кам кардани маблағгузорӣ ба хидматрасонии асосии тиббӣ, ки гуруҳои ёрирасон дар минтақаҳои ноамн ва зери дасти Толибон ба мардум мерасонанд, баҳона шуда наметавонад.