ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ қарори Раёсати бонк дар ин бора санаи 3 майи соли равон ба имзо расидааст.
Гуфта шудааст, ки дар асоси қарори мазкур таҳти рақами 76 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба ҶДММ “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” барои анҷом додани фаъолияти Бюрои таърихи қарз тавассути азнавбарасмиятдарорӣ иҷозатнома дода шуд.
Манбаъ зикр кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бюрои Таърихи Қарзии Сомониён” аз 25 июли соли 2014, таҳти №0000043 аз эътибор соқит карда шуд.
Ҳамзамон Раёсати Бонки миллӣ департаменти назорати бонкиро вазифадор намудааст, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои Бюроҳои таърихи қарз сабти дахлдорро ворид намояд.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ду бюрои таърихи қарзӣ - ҶДММ "Бюрои таърихи қарзии Сомониён” ва ҶДММ Бюрои таърихи қарзҳои "Бюрои Қарзию Иттилоотии Тоҷикистон” фаъолият доранд.