ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Мақомоти Суғд эълон карданд, ки бар асари муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафари ҳалок шуда ва 87 нафар захм бардоштанд.
Ба иттилои котиботи ҳукумати Суғд, барои кумаки аввалия ба ҷабрдидаҳо дар маҷмуъ 3 миллион сомонӣ кӯмакпулиҳо равона карда шуд.
Дар феҳрасти кушташудаҳо, сокини Ҷамоати деҳоти Сурх - Бахтовар Маҳмудов, сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва сокини Ҷамоати деҳоти Ворух - Меҳрӯзиддин Болтаев ном бурда шуданд.
Дар миёни қурбониён инчунин, сокини шаҳри Конибодом Нозим Каримов ва сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Умедҷон Юсупов мебошанд.
Дар рӯйхати қурбониён инчунин истиқоматкунандагони навоҳии дигар, асосан низомиён - Ҷасур Сиярқулов – сокини ноҳияи Деваштич, Сафархӯҷа Ҳасанов – сокини ноҳияи Фархор, Аслиддин Абдузамонов – сокини ноҳияи Нуробод, Ғафурзода Некризи Набӣ – сокини шаҳри Турсунзода, Салоҳиддин Гадоев – сокини ноҳияи Ховалинг, Раҷабзода Маҳмадулло Раҷаб – сокини ноҳияи Муъминобод, Абдулло Саидов – сокини ноҳияи Нуробод зикр шудаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни ибрози ҳамдардӣ ваъда додааст, ки Ҳукумат ҳеч гоҳ аҳли оилаи шахсони фавтидаро танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо, аз ҷумла фарзандони шаҳидон чораҷӯӣ мекунад.
"То ба синни балоғат расидани фарзандони шахсони марҳум ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, пас аз хатми мактаби миёна тавассути квотаҳо барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои олӣ мусоидат карда ҳоҳад шуд. Ҳамзамон барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад", - таъкид кардааст Аҳмадзода.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.