Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Суваналиев - роҳбари вилояти Бодканд истеъфо дод

Омурбек Суваналиев мобайнҳои моҳи феврали соли ҷорӣ ба симмати роҳбари вилояти Бодканд таъйин шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Роҳбари вилояти Бодканди Қирғизистон, Омурбек Суваналиев истеъфо дод, менависад Sputnik Қирғизистон.
Манбаъ меафзояд, Суваналиев худ ин тасмимашро тасдиқ намуда, изҳор доштааст, ки аризаи ба истеъфо рафтани худро аллакай навиштааст.
Низомиёни тоҷик Бодкандро тарк карданд – Суваналиев
Номбурда омили аз вазифаи роҳбари вилояти Бодканд канор рафтанро, гузаштан ба кори дигар арзёбӣ кардааст.
Вале хабаргузорӣ зикр намудааст, ки Суваналиев аз ифшо кардани вазифаи нави худ худдорӣ намуд.
Омурбек Суваналиев мобайнҳои моҳи феврал ба ин курсӣ такя зад ва ҳамакнун, ҳудуди 2- 2,5 моҳ аз вазифаи мазкур истеъфо дод.
Исми Омурбек Суваналиев пас аз таниши ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон барои хонандаи тоҷик ошно гардид.
Номбурда дар машварату гуфтушунидҳои ду ҷониб иштирок карда буд. Аз ҷумла рӯзи 30 апрел, Суваналиев хабар дод, ки ҳарбиёни Тоҷикистон куллан вилояти Бодкандро тарк карданд.
Ёдовар мешавем, ки даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон бегоҳи 28 апрел шурӯъ ва рӯзи 29 апрел он шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам намуданд.
Феълан вазъият дар марз ором арзёбӣ мешавад.