ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикстон имрӯз, 5 май бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад котиботи роҳбари давлат.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Разҳмон ба раиси вилояти Суғд супориш дод, ки мунтазам аз аҳволи осебдидагон бохабар шуда, дар муддати як моҳ тамоми манзилҳои истиқоматии харобгардида пурра бунёду барқарор ва бо маводи зарурии рӯзгор таъмин карда шаванд.
Илова бар ин, супориш дода шуд, ки ба оилаҳое, ки бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ наздикони худро аз даст доданд, кӯмаки моддию молиявӣ расонида шавад.
Дар ҳамин ҳол, Аҳмадзода ба Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот дода, изҳор доштааст, ки ситоди корӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои барқарор намудани хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол бурда истодаанд.
Раиси вилояти Суғд муваззаф гардид, ки рафти иҷрои супоришҳои фаврии роҳбари давлатро зери назорат гирифта, аз натиҷаҳои он ба Ҳукумат дар муҳлати муайяншуда ҳисобот диҳад.