Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси ИМА мулоқот кард

Мавзӯи меҳварии мулоқоти ҷонибҳо сулҳ дар Афғонистон ва амниятии минтақа будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ 4 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот кардааст
Бино ба иттилои котиботи президент, дар рафти мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди барқарории сулҳу субот дар ин кишвар, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷониби мо қарор дорад.
Мулоқоти Муҳриддин бо намояндаи вижаи ИМА: аз сулҳ дар Афғонистон то ҳамкориҳо бо Амрико
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон талошҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати истиқрори амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд, таъкид карданд, ки дар ин зимн аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегиранд, истиқбол менамояд.
Мавзӯоти дигаре, ки дар меҳвари мулоқот қарор доштанд, ин вазъи имрӯзаи амниятии минтақа мебошад, афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд намуданд.
Дар ин робита таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.