ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Қамчибек Тошиев, раиси Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар, ки ба рӯстои Мақсади ноҳияи Лайлак дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафтааст, эълом кард, ки хонаҳои вайроншудаи сокинони ин минтақа то моҳи сентябр дубора сохта хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “24kg”.
“Аз Тоҷикистон дархости ҷуброни хисорат намекунем, аммо агар Душанбе дар ин маврид бо пазириши масъуляти тахриби ин хонаҳо барои бозсозӣ ибрози омодагӣ кунад, ин мавзӯъ баррасӣ хоҳад шуд”, - гуфт Тошиев
Аз сӯии дигари вазорати тандурустии Қирғизистон эълом кард ки дар даргирии рӯзи 29 аврели миёни марзбонони тоҷику қирғӣзи 36 табаъаи ин кишвари кушта ва 200 нафар низ захмӣ шудаанд.
Ҳамчунин манобеи мустақил дар Тоҷикистони теъдоди кушташудагонро 16 нафар ва шумори маҷрӯҳонро беш аз 110 нафар эълом кардаанд.
Таниш дар марз
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.
Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.
Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.