ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) рӯзи якшанбе эълом кард, ки ин 22 низомии афғон дар вилояти Ғазнӣ дар шарқи Афғонистон озод шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Бар асоси гузориши Толибон (мамнӯъ дар Русия), озодии зиндониёни давлати Афғонистон то иди Фитр идома хоҳад дошт.
Токунун мақомоти давлати Афғонистон дар бораи ин озодии зиндониён аз тарафи Толибон изҳори назар накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ахиран сухангӯи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон эълом кард, ки Фурӯдгоҳи Қандаҳор, ки пойгоҳи низомиёни амрикоӣ низ дар он қарор дорад, субҳи имрӯз ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт.
Санӣ Лигит имрӯз дар паёми твиттерӣ бо эъломи инки ин ҳамлаи мушакӣ талафоту хисороте дар пай надоштааст, ба ҷузъиёти бештаре аз ин ҳодиса ишора накардааст.
Вай дар ин робита ҳушдори Скотт Милер, фармондеҳи низомиёни амрикоиро низ мунташир кард, ки дар он ба гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) ҳушдор дода шудааст, ки “иштибоҳ накунед, мо таҷҳизоте барои посухи қудратманд дорем ва ба тамоми ҳамалот алайҳи нерӯҳои эътилоф посух хоҳем дод”.
Раиси амнияти полиси вилояти Қандаҳори Афғонистон низ имрӯз дар гуфтугу бо расонаҳои дохилии ин кишвар гуфт, ки ду ракета ба Фурӯдгоҳи Қандаҳор шиллик шуда, аммо хисороте надоштааст.
Саиди Шариф дар айни ҳол афзудааст, ки чаҳор ракети дигар дар шаҳристони Арғистон кашф ва хунсо шудааст, ки онҳо низ омодаи партоб ба сӯи аҳдофе дар Фурӯдгоҳи Қандаҳор будаанд.