Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

КҲФ ҳаҷми зарари расида ба Тоҷикистонро дар марзи Қирғизистон муайян мекунад

Дар муқовимати низомии рӯзҳои охир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 14 хона дар ноҳияи Исфара пурра тахриб шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, ки дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад, мегӯяд ду хона ва як иншооти ёрирасон ҳам дар ин ноҳия қисман зарар дидаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бо мақсади муайян намудани ҳаҷми зарари расида дар натиҷаи зиддиятҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон роҳбарияти Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷо бо Комиссияи шаҳрии ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хонаҳои харобшудаи се ҷамоати шаҳри Исфара: Сурх, Ворух, Чоркӯҳ ва деҳаи Овчикалъачаи Бобоҷони ноҳияи Ғафурови вилояти Суғдро баррасӣ мекунанд.
“Бино ба маълумоти пешакии Комиссия маълум шудааст, ки рӯзҳои муқовиматҳои низомӣ дар қаламрави се ҷамоати деҳоти ноҳияи Исфара 14 хонаҳои истиқоматӣ пурра хароб шудаанд. 2 хона ва 1 иншооти ёрирасон низ қисман тахриб шудаанд”, - қайд кардааст КҲФ-и Тоҷикистон.
Ҳамчунин қайд шудааст, ки бинои як мактаби таҳсилоти умумӣ ва як хонаи истиқоматӣ дар қаламрави деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ қисман зарар дидаанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Прокуратураи генералии Тоҷикистон алайҳи низомиёни Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард
Зикр шудааст, ки комиссияи эвакуатсионии шаҳри Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ҷ. Расулов ​​ва Спитамен якҷо бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд тақрибан 15 ҳазор сокини маҳаллиро, ки дар минтақаи низоъ мондаву ба ҳаёташон хатар таҳдид мекард, ба ҷойҳои бехатар кӯчонданд.
“Айни замон, ҳамаи онҳо ба ҷойҳои истиқомати доимии худ баргардонида шуданд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки комиссияи ҳолатҳои фавқулода ба кори худ идома медиҳад.

Таниш дар марз

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.
Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон то 9 май беш аз 100 километр марзро мушаххас хоҳанд кард
Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.
Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.