ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Бонки миллӣ хабар додааст, ахиран мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2021, таҳти №71 иҷозатномаи ҶСП ТАҚХ “СМТ-Сармоя”, ки 10 апрели соли 2013, таҳти №67 дода шудааст, бозхонд карда шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки расмиёти минбаъда дар бораи барҳамдиҳии ҶСП ТАҚХ “СМТ-Сармоя” тибқи қонунгузории ҷории амалкунанда татбиқ карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки қаблан пеш Бонки миллӣ фаъолияти Фонди қарзии хурди “Наҷм” ва Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тиҷорат-Қарз”-ро қатъ кардааст.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар рӯйхати ташкилотҳои амонатии қарзии хурд 17 ташкилот сабти ном шудааст.