Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷони раиси шаҳри Исфараро наҷот дод: як қурбонии дигари марз, ки аз снайпер тир хӯрд

Исми як қурбонии дигари даргириҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон маълум шуд: Ҳасан Акбаров, ки ҷони раиси шаҳри Исфараро наҷот дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май – Sputnik. Ҳасан Акбаров Сафаралиевич, пропоршики қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кушта шуд.
Пропоршики 31-сола рӯзи 29 апрел ҷони раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзодаро аз тири снайпер наҷот додааст.
"Ба гуфтаи шоҳидон, марҳум Акбаров Ҳасан Сафаралиевич санаи 29-уми апрел дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадӣ бо қирғизҳо дар Ҷамоати Ворух, дар вақти ҳимоя намудани раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аллакай аз китфаш маҷруҳ шуда буд, худро сипар намуда, дар натиҷа аз тири снайпери душман ба ҳалокат расид", - менависад манбаъ.
Тавре мақомоти ноҳияи Фархор хабар доданд, 1 май ҷасади ин ҷавони ғӯрамарг, Ҳасан Акбаровро дар зодгоҳаш ноҳияи Фархор ба хок супурданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Баъди Рамазон тӯй дошт: орзуҳое, ки командир Муҳаммадулло ба қабр бурд
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 29 апрел дар деҳаи марзии Хоҷаи Аъло аз тири сокинони деҳаи Кӯктош ҷароҳат бардошта буд. Гуфта мешуд, ки Баҳодурзода барои музокирот омада буд ва вақте тир хӯрд, ки дар интизори раиси ноҳияи Бодканд бо сокинон дар назди дарғоти баҳсии “Головной” суҳбат дошт.
Ҳасан Акбаров, прапоршике, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳалок шуд
Баҳоваддин Баҳодурзода 45 сол дошта, тоза моҳи январи соли 2020 шаҳрдори Исфара таъйин шуд. Ӯ қаблан дар мақоми муовини раиси вилояти Суғд кор мекард.
Расонаҳо Ҳасан Акбаровро 16-умин қурбонии марз ҳисоб кардаанд.

Теъдоди кушташудаҳо дар марз

Мақомоти Тоҷикистон расман аз теъдоди кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марз бо Қирғизистон ҳанӯз иттилое надодаанд, аммо манобеи маҳаллӣ ба ҳолати шоми 2 май аз кушта шудани ҳудуди 16 нафар хабар медиҳанд.
Теъдоди маҷруҳон беш аз 110 нафар арзёбӣ мегардад.
Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки ба ҳолати шоми 1 май теъдоди кушташудаҳо бар асари даргириҳои марзӣ ба 34 нафар ва маҷруҳон ҳудуди 140 нафар расид.

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард. Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси шаҳри Исфара захмӣ шуд
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Имрӯз, 2 май миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи марзӣ имзо шуд, ки тафсилоташро мақомот гуфтанд, дертар иттилоъ медиҳанд.