Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Шӯрои амнияти Қирғизистон: ташдиди минбаъдаи низоъ дар марз ғайри қобили қабул аст

Шӯрои амнияти Қирғизистон вазъ дар марзи ду кишварро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Шӯрои Амнияти Қирғизистон дар робита ба низоъ дар марз изҳорот пахш кард.
"Котиботи Шӯрои Амният ғайри қобили қабул будани ташаннуҷи минбаъдаи низоъ ва аҳамияти ҳалли онро танҳо тавассути муколамаи созандаи тарафҳо қайд мекунад", - гуфта мешавад дар паём.
Департаменти Қирғизистон инчунин зарурати риояи созишномаҳои қаблан ҳосилшуда дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳоро эълон кард.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сиёсатшиноси рус: Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷанги давомдор маблағ надоранд
"2 май вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Ботканд мӯътадил аст. Тадқиқоти муштарак дар минтақае, ки нерӯ ва воситаҳои ҷонибҳо барои хуруҷи минбаъдаи онҳо ба ҷойҳои худ ҷойгиранд истиқрори доимӣ оғоз ёфт, корҳо оид ба расонидани кӯмаки башардӯстона ва тиббӣ ба минтақаи Ботканд ва барқарорсозӣ идома доранд ", - афзудааст, хадамоти матбуот.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки вазъ таҳти назорати бевоситаи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қарор дорад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ гуфт, посбонгоҳи сарҳадии "Хоҷаи Аъло"-и Тоҷикистон забт нашудааст
Хотиррасон мекунем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел авҷ гирифт.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.
Вазъият танҳо пас аз дахолати роҳбарони ҳарду ҷумҳурӣ дар ҳама сатҳҳои ҳукумат ҳал карда шуд. Пас аз музокироти тӯлонӣ намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон як қатор созишномаҳоро имзо карданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нигаронии сиёсатшиноси тоҷик аз афкори ҷомеа ва даъват ба сулҳ: "бадбинӣ манфиат надорад"
Аз субҳи 2 май вазъ дар марз мӯътадил боқӣ мондааст.