Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистонро баст

Гузариш аз посгоҳҳои марзии амалкунанда ба далели амният мутаваққиф шудааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Қирғизистон кори дидбонгоҳҳо дар марз бо Тоҷикистонро мутаваққиф кард, менависад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии Хадамоти сарҳадии Қирғизистон.
Хабар дода мешавад, ки чунин чораҳо аз 29 апрел "ба хотири таъмини амният дар гузаргоҳҳо" андешида шудаанд.
Маҳдуд шудани равуо ба шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва молу коло дахл дорад.
Намояндаи хадамоти марзии Қирғизистон афзуд, ки вазъ дар сарҳади давлатӣ мӯътадил аст.
Дар айни замон, кори комиссияи муштарак иборат аз афсарони шӯъбаҳои мудофиаи Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷиҳати баровардани қувваҳои мусаллаҳ ва таҷҳизот аз хати сарҳади давлатӣ ба нуқтаҳои истиқомати доимӣ идома дорад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хокистар ва муҳиммоти ҷангӣ: рӯзноманигори тоҷик пайомади низоъ дар марзро нишон дод
Ёдрас мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт. Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сиёсатшиноси рус: Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷанги давомдор маблағ надоранд
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад. Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.