Рӯзи 1 май дар даври ниҳоии ҷашнвора иштирокчиёни 15 кишвар (Австрия, Аргентина, Британияи Кабир, Исроил, Ҳиндустон, Италия, Канада, Чин, Латвия, Лаҳистон, Португалия, ИМА, Туркия, Фаронса ва Шветсия) ҳамроҳ бо сарояндагони Русия баромад карданд.
Ғолибонро ҳайати ҳакамон муайян карданд, ки ба ҳайати он мусиқачиён, ходимони фарҳанг ва санъати маъруфи Русия ва хориҷӣ шомил буданд.
Ҷоизаи асосиро Нэнси Адежор, Фредерик Афандиев (Канада) ва Федерико Мартелло (Италия) соҳиб шуданд.
Инчунин ҷоизаи интихоби тамошобинро дуэт аз Канада ба даст овард.
Ҷойи дуюмро Канелу (Шветсия), Янис Лемезис (Латвия) ва Тиаго Барбоса (Португалия) гирифтанд.
Мацоми сеюми ыашнвора ба Шоунин Ван (Чин) ва Аашима Чхабра (Ҳиндустон) дода шуд.
Трами Нгуен (ИМА) барои суруди "Катюша" ҷоизаи махсус гирифт. Фонди умумии ҷоизаи мусобиқа имсол 60 ҳазор евро буд.