Саймуъмин Ятимов аз натиҷаи мулоқоти 1 май бо ҳамтои қирғизаш дар вилояти Бодканд, танишҳои марзиро боқимонда аз таърих гуфта, ҳаводиси рӯзҳои охирро фоҷиа хонд.
"Ин фоҷиае, ки дар марз рух дод, ҳеч гоҳ набояд такрор шавад. Дар ин қитъа мардуми мо хеле муҳлати дароз аҳлона зиндагӣ кардаанд. Мардум ҳеч даъвои ҷиддие алайҳи ҳамдигар надорад, мо сиёсатмадорон бояд бо такя ба асосҳои ҳуқуқӣ масъалаҳоро ҳал кунему ба мардумамон шароит фароҳам орем, ки дар сулҳу дӯстии анъанавияшон зиндагӣ кунанд", - изҳор дошт Ятимов.
Ӯ гуфт, бовар дорад, ки ба зудӣ тамоми масоилро ҳал мекунанду мардум чун анъана дар фазои дӯстӣ зиндагӣ хоҳанд кард.
Қамчинбек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон низ ҳаводиси ахири маргбор дар марзро фоҷиа барои ҳар ду тараф хонда, таъкид намуд, ки дар чунин шароит мулоқоту музокирот мушкил буд, аммо бо вуҷуди ин бо дастури роҳбарони давлатҳо мулоқот сурат гирифт.
Тошиев изҳор дошт, ки қарор барои оташбаси комил ва бозгардонии техникаю нерӯ ба макони будубоши доимияшон қабул гардид.
"Аз имрӯз бо талоши ҳамсояҳо ва мо дар минтақаҳои сарҳадӣ оромии пурра таъмин хоҳад шуд", - изҳори умед намуд Тошиев.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб беш аз 40 нафар ба ҳалокат расиданд.