ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Русия созишномаҳои оташбасро истиқбол мекунад ва омода аст дар ҳалли вазъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон кумак кунад.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар мусоҳиба бо Sputnik гуфтааст.
"Мо қарори Бишкек ва Душанберо дар бораи таъсиси як гурӯҳи кории муштарак дастгирӣ мекунем. Вазифаҳои он корҳои иттилоотӣ бо аҳолӣ ва мониторинги вазъ дар ин минтақаро дар бар мегиранд. Русия омода аст, ки барои ҳалли ҳаргуна масъалаҳои баҳснок бо роҳи сиёсӣ ва усулҳои дипломатӣ кумак кунад", - гуфт вай.
Захарова гуфт, ки даъватҳои мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба диаспораҳои муқими Русия барои ҷилавгирӣ аз амалҳои таҳрикомез мусбат арзёбӣ мекунад
"Ин як изҳороти муҳимест, ки аз равишҳои сатҳи олӣ сухан мегӯяд, вақте ки сиёсатмадорон ва ҳукумати кунунӣ вазъро ба хубӣ дарк мекунанд ва мардумро даъват мекунанд, ки ба ин кор ҷалб нашаванд ва ба эҳсосоту иғвоҳо дода нашаванд" вай таъкид кард.
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.
Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон то 15 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.
Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 33 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.