Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Раҳмон ба Тоқаев аз таърихи муноқишаи марзӣ гуфт: мулоқоти сарони Тоҷикистону Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои қазоқаш Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Бино ба иттилои котиботи президенти Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев аз вазъи пуршиддат дар марз бо Қирғизистон, ки ба амнияти ҳам давлатҳои ҳамсоя ва ҳам шаҳрвандони онҳо таҳдид мекунад, изҳори нигаронӣ кард.
"Президенти Қазоқистон иброз дошт, ки чунин масъалаҳои мураккаб, аз қабили гузариши хати сарҳад бояд дар ҷараёни гуфтушуниди созанда, дар рӯҳияи эътимод ва дӯстии тарафайн ҳал карда шаванд", - афзудааст манбаъ.
Ба гуфтаи вай, ҳоло нишон додани худдорӣ, ҷилавгирӣ аз афзоиши амалиёти низомӣ ниҳоят муҳим аст.
Қосим Ҷомарт Тоқаев аз созиш дар бораи баргузории як ҳамоиш дар Душанбе бо ҳадафи ба даст овардани созишҳои оқилона барои пешгирии чунин ҳодисаҳо дар оянда истиқбол кард.
Суҳбати дубораи Раҳмону Ҷабборов: таъкид ба оташбаси комилу гардондани нерӯҳо
Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим Ҷомарт Тоқаев дар бораи таърихи муноқишаи марзӣ ва вазъи кунунии марз муфассал иттилоъ дод.
Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади мубодилаи афкор оид ба вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ робитаҳои доимии корӣ доранд. Идораҳои дахлдори ду кишвар дар самти омодагӣ ба нишасти сарони давлатҳо кор хоҳанд кард.
Мирзиёев дар ҳалли муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолона ширкат мекунад
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.