ДУШАНБЕ, 1 май – Sputnik. Мақомоти расмӣ аз шаҳри Исфара сафари ҳайати расмии Тоҷикистон ба вилояти Боткандро тасдиқ карданд.
Бино ба иттилоъи манбаъ сафари мақомдорони кишвар оиди баррасии масоили марзӣ, соати 14:45 дақиқа бо вақти маҳаллӣ сурат гирифтааст.
“Ҳайати комиссияро, ки савори 17 мошин ҳастанд, нозирони БДА аз ҷониби Қирғизистон роҳбаладӣ намуда, то маркази Ботканд мерасонанд”, гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Қарор аст, дар Ботканд комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили марзиро ба баррасӣ гузошта, гуфтушунид доир намоянд.
Дар ин сафар ҷониби Тоҷикистонро масъулони Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи заминсозӣ, Идораи замин, раиси вилояти Суғд ва раисону масъулони навоҳии наздимарзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров ҳамроҳӣ намудаанд.
Қаблан созиш шуда буд, ки имрӯз 1 май дар вилояти Бодканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди аломатгузории марз баргузор шавад.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд.
Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.