Дар "Головной" чӣ гузашт? ВКД Қирғизистон гуфт, "ШЕР" нагузошт, он ғасб шавад

Вазорати умури дохилии Қирғизистон имрӯз расман дар сомонааш дар мавриди ҳаводиси 28 - 29 апрел дар маркази тақсимкунии "Головной" иттилоия нашр кардааст. Тоҷикистон низ ҳаводиси он рӯзҳоро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Вазорати умури дохилии Қирғизистон имрӯз 1 май бо нашри як изҳорот , таъкид намудааст, ки дастаи таъйиноти махсуси “ШЕР” нагузошт нуқтаи асосии обтақсимкунӣ - “Головной” ғасб шавад.
Дар изҳорот, ки баъди зуҳри 1 май дар сомонаи расмии ВУД Қирғизистон нашр шудааст, ҳаводиси рӯзҳои 28 ва 29 апрел шарҳ дода шуда, ишора ба он гардидаст, ки бо истифодаи нерӯҳои махсус қасди ғасби "Головной" рух додааст.
Дар изҳорот омадааст, ки 28 апрели соли 2021, дар минтақаи сарбанди “Головной” дар деҳаи Кок-Тош, байни сокинони маҳаллӣ муноқиша рух дод. Сабаби муноқиша насби дастгоҳи назоратии видеоӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар сутуни барқӣ буд, ки дар пайи музокироти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ҳал шуд, гуфт манбаъ.
Ятимов: ин фоҷиа буд, мардум бо ҳам мушкил надорад, мо сиёсатмадорон бояд ҳал кунем-видео
ВКД Қирғизистон афзудааст, ки 29 апрели соли 2021, тахминан соати 13:30, сокинони маҳаллӣ ба минтақаи нуқтаи обтақсимкунӣ омада, талаб карданд, ки камераҳои қаблан насбшуда гирифта шаванд.
“Мардуме, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, гирифтанашонро рад карда, аз чанд силоҳи шикорӣ ба тирпарронӣ шурӯъ карданд. Аз тирҳои сокинони Тоҷикистон бархе афтида, боқимонда дар тарсу ҳарос ба паҳлӯҳо пароканда шуданд”, - омадааст дар иттилои нашркардаи ВУД Қирғизистон.
Ин ниҳод изҳор доштааст, ки тақрибан соати 14:00 аз ҷониби Тоҷикистон оташкушоӣ аз миномёт оғоз шудааст, ки аввалин гулулаи он ба қаламрави нуқтаи тақсими об афтидааст ва аз гулулаҳои дигар сокинон захм бардоштаанд.
Таъкид шудааст, ки муҳофизати сарбандро гуруҳи таъйиноти махуси “ШЕР”- и қисми қисми низомии 707-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, таҳти фармондеҳии майор Иброҳим Акматов қарор дошт, ки аз силоҳашон ба сӯи низомиёни тоҷик оташ кушодаанд.
“Ҳангоми табодули оташ, низомиёни "ШЕР" мушоҳида карданд, ки чанд нафар бо либоси хоси сиёҳашон аз як бинои қаламрави Тоҷикистон ба сӯи онҳо ҳаракат карда, тир холӣ карда истоданд. Аён буд, ки ин артиш не, ҷузъи дигар аст. Хизматчиёни "ШЕР" сӯи ин бино аз РПГ ва милтиқи снайпер тирандозӣ карда, ба онҳое, ки амалиёташон бештар ба ҳамла шабоҳат дошт, иҷозат надоданд, ки наздик шаванд”, - омадааст иттилоияи ВКД Қирғизистон.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Фаврӣ: КДАМ гуфт, посбонгоҳи сарҳадии "Хоҷаи Аъло"-и Тоҷикистон забт нашудааст
Дар идома омадааст, ки тақрибан соати 16:30 бо дастури фармондеҳи нерӯҳои дохилӣ полковник Исломбек Кенжекулов, экипажи “БМД” ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, аз пулемёт оташ кушод. Тақрибан соати 18:30 хизматчиёни ҳарбии тоҷик ақибнишинӣ карданд ва тирпарронӣ қатъ шуд.
Вазорат таъкид намудаст, ки ҳайати шахсии қӯшунҳои дохилӣ дар дар маҳаллаҳои аҳолинишини Мин-Булак, Кок-Таш, Қизил-Бел, Мин-Оруки вилояти Ботканд иҷро карда, дар маҷмуъ 14 хизматчӣ дараҷаҳои гуногуни ҷароҳат бардоштаанд.
Ин иддаои ҷониби Қирғизистон дар ҳолест, ки қаблан КДАМ Тоҷикистон хабар дода буд, ки 29-уми апрел, соати 13:05 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии "Головной", воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.
"Ҳодисаи мазкур дар ҳолате рух дод, ки тӯли рӯзҳои охир ҷониби Қирғизистон худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии "Головной"-ро ба роҳ мондааст", - омадааст дар иттилоияи КДАМ Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.