ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Дар изҳороти муштарак гуфта шудааст, ки санаи 30 апрели соли 2021 дар минтақаи озоди байни гузаргоҳи “Гулистон” ва гузаргоҳи “Кизил-Бел” мулоқоти гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев баргузор гардид.
Дар ин изҳорот зикр шудааст, ки дар рафти он масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламравҳои сарҳадии ҳарду ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.
Қайд шудааст, ки мулоқот дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо хоҳиш ва омодагии худро барои ҳалли ҳама масъалаҳо тавассути гуфтушунид изҳор карданд.
“Дар натиҷа тарафҳо аз соати 13:00-и 30 апрели соли 2021 ба мувофиқа расиданд, ки хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро таъмин кунанд”, - таъкид шудааст дар изҳороте, ки ахиран нашр шудааст.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки бо мақсади таъмини иҷрои созишномаҳои бадастомада таҳти роҳбарии фармондеҳони қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.
Қарор дода шуд, ки 1 майи соли равон дар вилояти Ботканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор карда шавад.