ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Раиси шаҳри Исфара, Баҳоваддин Баҳодурзодаро дар бемористони марказии шаҳри Исфара ҷарроҳӣ карданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сухангӯи раиси шаҳри Исфара, Зубайдулло Шомадов хабар дод.
Ёдрас мешавем, рӯзи 29 апрел Баҳодурзода ҳангоми боздид аз минтақаи даргирӣ дар марз аз қисми тахтапушташ тир хӯрда, захм бардошта буд.
Бино бар гуфтаи Шомадов, феълан вазъи раиси шаҳрро табибон хуб арзёбӣ мекунанд.
"Вазъашон хуб аст. Азбаскӣ захм сабук буд, ҷарроҳӣ низ сабук гузашт, аллакай аз ҷой хеставу роҳ мегарданд", - тавзеҳ дод Зубайдулло Шомадов.
Ҷарроҳӣ шоми 29 апрел дар бемористони марказии шаҳри Исфара сурат гирифтааст. Ёдрас мешавем, дирӯз хабар дода шуда буд, ки Баҳоваддин Баҳодурзодаро баъди тир хӯрдан, бино бар ноамн будани роҳ, наметавонанд ба бемористони марказӣ интиқол диҳанд.
Ёдрас мешавем, Баҳодурзода охирҳои соли 2020 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон раиси шаҳри Исфара таъин гардида буд.
Ӯ дарҳол пас аз таъин гаштанаш дар маҷлисе гуфт, ки вазъи марзро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад.
Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот бо сокинон гуфт, барои расидагӣ ба мушкилоти мардуми минтақа дар навбати худ гуфтааст, минбаъд ӯ як рӯзи ҳафтаи кории худро дар Ворух хоҳад гузаронд.
Ҳамзамон зимни мулоқот мардум ва шаҳрдор пиромуни масъалаҳои муҳими аҳамияти сиёсию стратегидоштае чун бунёди роҳи мустақими Ворух, ҳалли масъалаи чарогоҳ, пешгирии ҳолатҳои номатлуби рабуда шудани чорвои мардум аз ҷониби ҳамсоягон, баргардонидани чорвои қаблан рабудашуда гуфтугӯ карда буд.