ДУШАНБЕ, 30 апрел - Sputnik. Омӯзгорони Русия, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, дар робита ба низои низомӣ дар марз бо Қирғизистон ба минтақаҳои бехатар интиқол дода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати илм ва маорифи Федератсияи Русия.
"Бо назардошти мураккаб шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, се муаллиме, ки дар мактаби деҳаи Хистеварз, ҳаммарз бо Қирғизистон кор мекарданд, ба минтақаи бехатар кӯчонида шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорати маориф таъкид кардааст, ки интиқоли омӯзгоронро намояндагии Россотрудничество ва сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон низ мусоидат кардаанд.
Хотиррасон мекунем, ки омӯзгорони рус дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи таблиғи забони русӣ дар Тоҷикистон қарор доранд.
Омӯзгорон дар мактабҳои шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Ваҳдат, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара ва Кушониёни вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт, Спитамен, Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд дарс медиҳанд.
Имрӯзҳо дар вилояти Суғд тақрибан 18 нафар омӯзгорон аз Русия ҳузур доранд.