Дар миёни ҳалокшудагон баробари низомиён инчунин сокинони мулкӣ мебошанд. Бино ба наворе, ки саҳифаи Пресса.тҷ таҳия кардааст, теъдоди ҳалокшудаҳо аз ҷониби Тоҷикистон ҳудуди 10 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи маҷруҳон ба маротиб зиёд арзёбӣ мегардад.
Дар қатори кушташудаҳо, Салоҳиддин Гадоев, афсари марзбонӣ ва сарбозон Шералӣ Раҳматзодаю Сафар Набиев зикр шудаанд. Инчунин аз ҳалокшудагон, Бахтовар Маҳмудов, Умедҷон Юсуфов, Некрӯз Ғафуров, Ҳикматулло Маҳкамов ва Иброҳимхон Ҳошимзода ном бурда шудааст, ки ҳамаашон ҷавонанд. Қурбонии дигар Меҳроҷидин Муҳриддин, сокини Ворух мебошад, ки табиб будааст.
Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи теъдоди ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон иттилоъ надодаанд, аммо манобеи маҳаллӣ аз марги то 10 нафар дар пайи ин даргирӣ хабар медиҳанд.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон, 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, то соати 18:00 рӯзи 30 апрел, шумораи ҷароҳатбардоштагон ба 154 нафар расид.
"Аз 154 захмбардошта, 121 нафар шаҳрвандони одӣ мебошанд", - тавзеҳ дод Вазорати тандурустии ин кишвар.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардидаанд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.